Кӯшиши ҳукумати ИМА ҷиҳати беҳбуди фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» —  | Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар маркази таваҷҷӯҳи маҷлиси аввалини гурӯҳи нави кории байниидоравӣ мебошад, ки бо ташаббуси Агентии Байналмилалии ИМА оид ба рушд (USAID) ва лоиҳаи Ташаббуси рушди маҳал (ТРМ) созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ  як қисми барномаи “Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ то соли 2025” ба ҳисоб меравад. Тавре […]

Asia-Plus

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» —  | Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар маркази таваҷҷӯҳи маҷлиси аввалини гурӯҳи нави кории байниидоравӣ мебошад, ки бо ташаббуси Агентии Байналмилалии ИМА оид ба рушд (USAID) ва лоиҳаи Ташаббуси рушди маҳал (ТРМ) созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ  як қисми барномаи “Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ то соли 2025” ба ҳисоб меравад.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Алимурод Тағоймуродов, Мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Кэвин Дин, Ҷонишини Роҳбарии намояндагии USAID дар Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо ва корхонаҳо ва мақомоти вилоятҳои Суғд, Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва Хатлон дар созмони гурӯҳи корӣ ширкат варзиданд. 

“Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Ба воситаи фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотӣ, ғайримарказикунонии хизматрасониҳо ва ташаккули рақобат имконияти ба даст овардани як системаи амалкунанда барои дастгирии аҳолӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Инчунин дастрасии ҳар як мизоҷ ба хизматрасонӣ ва сифати хизматрасонӣ беҳтар карда мешавад” – иброз дошт дар баромади худ Кэвин Дин..

Лоиҳаи USAID ТРМ ба гурӯҳи кории ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба воситаи ташкил намудан ва ба нақша даровардани кори он, муайян намудани  қонунҳои зарурӣ барои ислоҳоти соҳа, таъмини маводи зарурӣ ва маълумот, ташкил намудани омӯзишҳо, аз он ҷумла ташкили сафарҳои омӯзишии минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯмак менамояд.

Хоҷагии манзилию коммуналӣ барои намояндагии USAID дар Тоҷикистон низ яке аз масоили аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Лоиҳаҳои ба наздикӣ татбиқгашта аз қабили қонун “Дар бораи нигоҳубини биноҳои бисёрҳуҷра ва иттиҳодияҳои соҳибони манзил” ва гузаронидани санҷиши васеъи ҳолати таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария дар зиёда аз 4000 манотиқи зисти аҳолии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз тарафи мардуми Амрико ба воситаи ташкилоти  USAID татбиқ карда мешаванд. Аз соли 1993 инҷониб сафорати ИМА маблағи 984 миллион долларро барои барномаҳое, ки амнияти Тоҷикистон, ниҳодҳои демократии он, сектори иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии онро дастгирӣ менамоянд, таъмин намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.