Коршинос: Паси беназмиҳои Кӯлобу Душанбе нерӯҳои мушаххасе қарор доранд

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Коршинос оид ба масоили амният Султон Ҳамадов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба масъалаи ҳодисаҳои беназмиҳо пас аз вохӯриҳои дастаҳои футбол дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе изҳор кард, ки дар паси ин бетартибиҳо нерӯҳои мушаххасе қарор доранд. «Кадом нерӯҳое шояд дар дохил ё хориҷи кишвар нияти муташшаниҷ […]

Наргис Ҳамробоева/Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Коршинос оид ба масоили амният Султон Ҳамадов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба масъалаи ҳодисаҳои беназмиҳо пас аз вохӯриҳои дастаҳои футбол дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе изҳор кард, ки дар паси ин бетартибиҳо нерӯҳои мушаххасе қарор доранд.

«Кадом нерӯҳое шояд дар дохил ё хориҷи кишвар нияти муташшаниҷ намудани вазъро доранд ва ин ваҷҳест, ки бояд натанҳо рохбарони мақомоти қудратӣ, балки ҳукумати Тоҷикистонро низ ба андеша водор намояд. Умедворам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ базудӣ вазъро таҳлил намуда, хулосаҳои зарурӣ ҳосил мекунанд», – гуфт ӯ.

Ба ақидаи С.Ҳамадов, дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин соларди истиқлолияти кишвар баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ дар назар аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки баҳри пешгирии ҳодисаҳои ба ин монанд чораҳои таъмини амниятро пурзӯр созанд.

Дар навбати худ, роҳбари маркази таҳлилии «Контент» Зафар Абдуллоев бар ин назар аст, ки  ба омодагии мақомот ҷиҳати пешгирии бетартибиҳо ё задухӯрдҳои оммавӣ танҳо зимни ба вуқӯъ пайвастани чунин вазъ баҳо мумукин аст, зеро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ чунин ҳодисаҳои миқёсан бузург дар кишвар рух надодааст. «Ман фикр мекунам, ки бо истифода аз идоракунии пухтаву моҳирона мақомоти милиса ба таъмини амният дар бозиҳои футбол ва консертҳои бузург қодиранд, ба ҳар ҳол, то ҳанӯз ин ба онҳо муяссар мегардад», – мегӯяд ӯ.

З.Абдуллоев мӯътақид аст, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ натанҳо вазифаи ҳукумат, балки кори худи ҷомеа низ мебошад ва аз ин рӯ, ниҳодҳои шаҳрвандии худмуҳофизатӣ ва мусоидат ба милиса зимни бетартибихои оммавиро мебояд таъсис дод, ки бояд яке аз таркибҳои мудофиаи шаҳрвандӣ бошанд. «Вале ман ҳанӯз дар робита ба ин чизеро мушоҳида накардаам ва фикр мекунам, ки мақомоти раҳбарии ВКД-ро мебояд дар ин хусус ҳамаҷониба андеша ронанд, зеро минбаъд чунин вазъҳоро танҳо бо як нерӯи ҳайати шахсӣ ва ҳатто муҷаҳҳаз бо воситаҳои махсус наметавон ҳал кард», – иброз дошт З.Абдуллоев.

Ба қавли мавсуф, тақвияти фаъолияти таҳлилӣ ва агентӣ оид ба решакан сохтани тундгароии наврасон, ошкор сохтани пешвоёни ғайрирасмии онҳо ва ҳамоҳангсозии кор бо Федератсияи футбол ва дастаҳо зарур аст, зеро дастаҳо низ ба бетартибиҳои содирнамуда аз ҷониби мухлисонашон бояд ҷавобгӯ бошанд. «Ба комилан нест шудани таассубу тундгароӣ ва задухӯрдҳои ҷавонон зимни чорабиниҳои оммавӣ касе кафолат дода наметавонад», – афзуд З.Абдуллоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.