Ташрифи президенти Кумитаи олимпии Афғонистон ба Душанбе

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Кумитаи олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Акбар бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар чаҳорчӯби сафар мулоқоту гуфтушуниди Муҳаммад Зоҳири Акбар бо мақомоти Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар назар буда, дар ин гуфтушунидҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. «Дар ин сафар баимзорасии Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷониба дар бахши рушди ҳаракати олимпӣ пешбинӣ мешавад, ки ҷонибҳо сари он қаблан ба мувофиқа расида буданд», – гуфт ӯ.

Ҷ.Нуров мегӯяд, дар чаҳорчӯби сафар президенти Кумитаи олимпии кишвари ҳамсоя аз иншооти варзишии пойтахт боздид намуда, ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ низ ширкат хоҳад варзид.

Сафари кории президенти Кумитаи олимпии Афғонистон ба Тоҷикистон то 28-уми июн идома хоҳад ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...