Вохӯрии футболбозони тоҷику афғон бинобар вазъи ноамни Афғонистон баргузор намешавад

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» – | Вохӯрии дӯстонаи дар таърихи 25-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Норак пешбинишуда миёни футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор намешавад.

Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» бо такя ба маълумоти сардори шӯъба оид ба баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов хабар дода мешавад.

Ба гуфтаи Шавкат Аҳмедов, рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ дастаи мунтахаби футболи Афғонистон ҷиҳати омодагӣ ба вохӯрӣ бо дастаи Фаластин дар даври аввали марҳилаи интихобӣ ба мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон бояд ба Тоҷикистон меомад. «Аммо бинобар бад шудани вазъи амният дар Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар танҳо чанд рӯзе қабл аз баргузории вохӯрӣ бо дастаи Фаластин ба Тоҷикистон хоҳад омад. Аз ин рӯ, вохӯрии пешбинишудаи дастаи «Истиқлол» бо тими мунтахаби Афғонистон дар Норак баргузор намешавад», – гуфта мешавад дар хабари сомона.

Қаблан вохӯрии даври 18-уми чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки бояд 23-юми июн доир мегардид, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд. Вохӯрии даври 19-уми чемпионат миёни дастахои «Истиқлол» ва «Парвоз» мувофиқи тақвим рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон баргузор хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...