10 млн. $-и Бонки ҷаҳонӣ баҳри дастгирии бюҷети Тоҷикистон

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Моту Кониши Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи Бурси панҷуми барномавӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои сиёсат ба маблағи 10 млн. доллари ИМА-ро ба имзо расониданд. Ба гуфтаи Моту Кониши, бурси мазкур ба дастгирии […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Моту Кониши Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи Бурси панҷуми барномавӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои сиёсат ба маблағи 10 млн. доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи Моту Кониши, бурси мазкур ба дастгирии амалисозии барномаи ислоҳоти пешбинишуда дар Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ нигаронида шудааст. «Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, Тоҷикистон вазифаҳои худро муваффақона ба иҷро расонида, рушди иқтисодиро таъмин намуд ва дар робита ба ин, барномаи мазкур эътирофи ин далел натанҳо аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, балки дигар созмонҳои мададрасон низ мебошад, – гуфт ӯ. – Тавассути амалисозии ин барнома мо ният дорем, ки ҳарчи бештар ба шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ ноил гардем».

Моту Кониши ҳамчунин афзуд, Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади рушди тиҷорат ва таъмини ба даст овардани даромади бештару фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон минбаъд низ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар навбати худ, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки бурси мазкур ба сифати дастгирии мустақим ба бюҷети ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, ба ҳукумат ҷиҳати маблағгузорӣ ба бахшхои тандурустиву маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шаффофият ва самаранокӣ дар идоракунии маблағҳои давлатӣ кӯмак хоҳад расонид. «Маблағи мазкур ба барқарорсозии иқтисод пас аз бӯҳрон, суботи макроиқтисодӣ, рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард», – афзуд вазир. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.