Вохӯрии футболбозони тоҷику афғон бинобар вазъи ноамни Афғонистон баргузор намешавад

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» – | Вохӯрии дӯстонаи дар таърихи 25-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Норак пешбинишуда миёни футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор намешавад. Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» бо такя ба маълумоти сардори шӯъба оид ба баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов хабар дода мешавад. […]

Asia-Plus

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» – | Вохӯрии дӯстонаи дар таърихи 25-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Норак пешбинишуда миёни футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор намешавад.

Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» бо такя ба маълумоти сардори шӯъба оид ба баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов хабар дода мешавад.

Ба гуфтаи Шавкат Аҳмедов, рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ дастаи мунтахаби футболи Афғонистон ҷиҳати омодагӣ ба вохӯрӣ бо дастаи Фаластин дар даври аввали марҳилаи интихобӣ ба мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон бояд ба Тоҷикистон меомад. «Аммо бинобар бад шудани вазъи амният дар Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар танҳо чанд рӯзе қабл аз баргузории вохӯрӣ бо дастаи Фаластин ба Тоҷикистон хоҳад омад. Аз ин рӯ, вохӯрии пешбинишудаи дастаи «Истиқлол» бо тими мунтахаби Афғонистон дар Норак баргузор намешавад», – гуфта мешавад дар хабари сомона.

Қаблан вохӯрии даври 18-уми чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки бояд 23-юми июн доир мегардид, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд. Вохӯрии даври 19-уми чемпионат миёни дастахои «Истиқлол» ва «Парвоз» мувофиқи тақвим рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон баргузор хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.