Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба гумони даст доштан дар муолиҷаи ғайриқонунии тиббӣ ва фаъолияти хусусии дорусозӣ, ки ба ҳалокати зани ҳомиладор боис гардид, нисбат ба сокини ноҳияи Синои пойтахт Марям Холхӯҷаева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази маутбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, бар асари муолиҷаи ғайритахассусӣ аз ҷониби гумонбаршуда, ки маълумоти тиббӣ надоштааст, сокини 42-солаи шаҳри Душанбе Х.М. ба ҳалокат расидааст. «Зани ҳомиладор дар ҳолати вазнин ба яке аз таваллудхонаҳои пойтахт оварда шуда, ба табибон муяссар нашудааст, ки ӯро наҷот диҳанд. Натиҷаҳои ташхис нишон додаанд, ки тавассути рагҳои хунгард ба ҷисми ӯ дорувории хатарнок гузаронида шудаанд», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, гурӯҳи тафтишотӣ аллакай ошкор сохтааст, ки Марям Холхӯҷаева аз соли 1989 инҷониб бе ягон хел иҷозатнома ба фаъолияти хусусии тиббӣ-момодоягӣ машғул будааст.


