Суғд: Мавриди амал қарор гирифтани трансформатори дуюми низоми энергетикии ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол»

Хуҷанд. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд маросими мавриди истифода қарор гирифтани трансформатори дуюми зеристгоҳи низоми энергетикии хати интиқоли барқи (ХИБ) «Ҷануб-Шимол» доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, бо насби трансформатори мазкур акнун ба низоми энергетики вилояти Суғд ба ҷойи 12,7 млн. […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд маросими мавриди истифода қарор гирифтани трансформатори дуюми зеристгоҳи низоми энергетикии хати интиқоли барқи (ХИБ) «Ҷануб-Шимол» доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, бо насби трансформатори мазкур акнун ба низоми энергетики вилояти Суғд ба ҷойи 12,7 млн. беш аз 13 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Корҳои насби трансформатори дуюмро мутахассисони ширкати «TBEA»-и Чин анҷом дода, акнун ба тамоми ҷараёни кори низоми энергетикӣ компютер назорат хоҳад кард.

Дар робита ба мавриди истифода қарор гирифтани тансформатори дуюм, дар вилояти Суғд реҷаи маҳдуди истифодаи барқ пурра бекор гардид. «Лекин нисбати қарздорон чораҳо андешида хоҳанд шуд ва пас аз огоҳӣ агар дар муддати панҷ рӯз маблағи қарз пардохта нашавад, интиқоли барқ ба онҳо қатъ карда мешавад», – гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки ба вилояти Суғд нерӯи барқ тавассути ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ба зеристгоҳи «Суғд-500» интиқол дода шуда, ба ҷуз ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ба тамоми вилоят тақсим мегардад. Ба гуфтаи энергетикҳо, иқтидори интиқолии ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» 27 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» моҳи ноябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, бо ба кор даровардани он Тоҷикистон соҳиби низоми ягонаи энергетикӣ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.