Тоҷикони Аврупо Рӯзи ваҳдати миллиро пуршукӯҳ ҷашн гирифтанд

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қалби Аврупои муттаҳид – ш. Брюссел, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ҷашнгирии Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд, Люксембург, Маркази фарҳангии тоҷикон дар ш. Брюссел, […]

Asia-Plus

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қалби Аврупои муттаҳид – ш. Брюссел, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ҷашнгирии Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд, Люксембург, Маркази фарҳангии тоҷикон дар ш. Брюссел, Ҷамъияти дӯстии Люксембург-Тоҷикистон, Бизнес клубҳои Белгия-Тоҷикистон ва Нидерланд-Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, доираҳои ҷамъиятию сиёсӣ, илмию омӯзишӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

 Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи ба даст овардани сулҳ дар ҷумҳурӣ, дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ дар давраи истиқлолият иттилоъ дод. Ҳамчунин, Сафир перомуни ислоҳоти демократӣ дар кишвар, сиёсати амаливу андешакоронаи дохиливу хориҷӣ, барномаҳои созандагии кишвар, бахусус татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони НБО-и Роғун нақл кард. Ҳамзамон, Р. Солиев оид ба натиҷаҳои сафарҳои расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Шӯрои Аврупо, Парлумони Аврупо, Австрия, Люксембург, Бонки сармоягузории Аврупо, Маҷористон маълумоти муфассал дод. Ӯ қайд намуд, ки сафарҳои барпогардида саҳифаи сифатан навро дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо Аврупои муттаҳид боз карда, барои рушди равобити мутақобилан судманд ва гуногунҷабҳа дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ва илмиву маърифатӣ заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ гузоштанд.

 Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар суханрониҳои худ аҳамияти байналмилалии таърихии ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон, зарурати омӯзиши ҳаматарафаи таҷрибаи тоҷикон дар бартарафсозии зуҳуроти низоӣ дар ҷомеа ва истифодаи васеи онро ҳамчун намуна барои ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон қайд намуданд. Онҳо аз ҷумла натиҷаҳои сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупо баланд арзёбӣ карда, тазаккур доданд, ки ҷумҳурӣ ҳақиқатан шарики боэътимоди Иттиҳоди Аврупо дар минтақа буда, ҳамчун кишвари калидӣ муқобили таҳдиду хатарҳои муосир баромад мекунад. Зарурати тавсеаву инкишофи ҳамаҷонибаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон қайд карда шуд.

 Дар анҷоми қисми расмии чорабинӣ ба ҳозирин таомҳои миллӣ пешкаш карда шуданд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар қалби Аврупо бо суруду рақсҳои миллӣ баромад намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.