Ҳалокати зани ҳомиладор аз муолиҷаи як табибзан

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба гумони даст доштан дар муолиҷаи ғайриқонунии тиббӣ ва фаъолияти хусусии дорусозӣ, ки ба ҳалокати зани ҳомиладор боис гардид,  нисбат ба сокини ноҳияи Синои пойтахт Марям Холхӯҷаева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази маутбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, бар асари муолиҷаи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба гумони даст доштан дар муолиҷаи ғайриқонунии тиббӣ ва фаъолияти хусусии дорусозӣ, ки ба ҳалокати зани ҳомиладор боис гардид,  нисбат ба сокини ноҳияи Синои пойтахт Марям Холхӯҷаева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази маутбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, бар асари муолиҷаи ғайритахассусӣ аз ҷониби гумонбаршуда, ки маълумоти тиббӣ надоштааст, сокини 42-солаи шаҳри Душанбе Х.М. ба ҳалокат расидааст. «Зани ҳомиладор дар ҳолати вазнин ба яке аз таваллудхонаҳои пойтахт оварда шуда, ба табибон муяссар нашудааст, ки ӯро наҷот диҳанд. Натиҷаҳои ташхис нишон додаанд, ки тавассути рагҳои хунгард ба ҷисми ӯ дорувории хатарнок гузаронида шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, гурӯҳи тафтишотӣ аллакай ошкор сохтааст, ки Марям Холхӯҷаева аз соли 1989 инҷониб бе ягон хел иҷозатнома ба фаъолияти хусусии тиббӣ-момодоягӣ машғул будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.