Ҷаримабандии беш аз 600 ронандаи Кӯлоб барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

Date:

Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ронандагонро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳамчунин мусофиркашӣ бидуни иҷозатнома ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 659 нафар ронандагон барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар маҷмӯъ ба маблағи 135 ҳазору 400 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. «Аз ин миқдор маблағ ба фоидаи давлат 125 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуда, ба дигарон варақаи иҷро барои пардохт дода шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, аз рӯйи 16 парвандаи ҷиноӣ бобати пардохти ҷарима дар ҳаҷми 209 ҳазору 125 сомонӣ ба фоидаи давлат қарор қабул гардидааст. «Қаблан таҷрибаҳои ба ин монанд аҳёнан қабул мегардиданд, лекин самаранокии онро метавон аллакай собитшуда шуморид», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...