Як ҷароҳатбардошта аз таркиш дар нуқтаи фурӯши газ дар Бохтар низ ба ҳалокат расид

Қӯрғонтеппа. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Боз як ҷароҳатбардошта аз таркиш дар нуқтаи фурӯши газ дар ноҳияи Бохтар пас аз як рӯз дар бемористон ба ҳалокат расид. Ёдрас мекунем, ки таркиш рӯзи 25-уми июн зимни пур кардани автомобил бо газ ба вуқӯъ пайваста буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев изҳор дошт, […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Боз як ҷароҳатбардошта аз таркиш дар нуқтаи фурӯши газ дар ноҳияи Бохтар пас аз як рӯз дар бемористон ба ҳалокат расид. Ёдрас мекунем, ки таркиш рӯзи 25-уми июн зимни пур кардани автомобил бо газ ба вуқӯъ пайваста буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев изҳор дошт,  нимаи рӯзи 25-уми июн дар нуқтаи фурӯши гази воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ ҳангоми пур кардани автомашинаи «Daewoo» рақами давлатӣ Т0390РТ/03 таркиш рух дода, бар асари он ронандаи автомашина, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе Одилҷон Меҳмонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар натиҷаи инфиҷор ронандаи автомашинаи «ЗИЛ», сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор Зафар Назаров, ки дар навбати пур кардани мошинаш бо газ он ҷо интизор будааст, низ осеб дида, рӯзи дигар дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон дар бемористон боз ду нафар шахсони аз ин таркиш осебдида – сокини ноҳияи Хуросон Аваз Шарифов ва сокини ноҳияи Вахш Зоҳир Ашӯров бистарианд ва вазъи саломатиашон хуб аст.

Аз рӯйи ин далел санҷиш гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои он дар бораи боз кардани парванди ҷиноӣ қарор қабул хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.