Эмомалӣ Раҳмон С.Наришкин ва А.Сердюковро ба ҳузур мепазирад

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ва вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюковро ба ҳузур мепазирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар мулоқот баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва сафари давлатии қарибулвуқӯъи президенти Русия Дмитрий […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ва вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюковро ба ҳузур мепазирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар мулоқот баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва сафари давлатии қарибулвуқӯъи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мудири иҷроияи Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд Ашока Ласириро низ ба ҳузур мепазирад. Дар ҷараёни мулоқот баррасии масъалаҳои сармоягузории бонк ба бахшҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. «Ҳамчунин сарвари давлат имрӯз бо гурӯҳи намояндагони ширкатҳои бузурги Арабистони Саъудӣ, ки ҷиҳати иштирок дар кори Шӯрои сармоягузорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот хоҳад орост», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои марбут ба имкони сохтмони корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли пластика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ ва гайра баррасӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.