Пахши барномаи нахустини шабакаи нави телевизионии Конибодом

Date:

Конибодом. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба сокинони шаҳри Конибодом барномаи нахустини шабакаи нави телевизионии ТВ5 намоиш дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муассисони шабака, тележурналист Нӯъмон Умаров хабар дод, самти асосии фаъолияти шабака ба пешниҳоди иттилооти саҳеҳу дақиқ дар бораи рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар ва шаҳр ва ҳамчунин ҳифзи фазои иттилооти ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. «Барои фаъолияти пурсамар ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ шабака фаъолона бо мақомоти шаҳрдорӣ ва созмону ташкилотҳои дигари давлативу ҷамъиятӣ ҳамкории густарда ба роҳ хоҳад монд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, кормандони шабакаи нав рӯзноманигорони касбӣ ва ҳайати техникии корозмуда буда, ба қонеъ сохтани талаботи сокинон ҷиҳати тамошои барномаҳои хушсифат қодиранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ин шаҳри ҳаммарз бо Ӯзбекистону Қирғизистон шабакаи телевизионии «Анис» ва радиои шаҳрӣ амал мекунанд. Ҳамчунин ду ҳафтавор ба табъ мерасад, ки яктоаш нашрияи хусусӣ аст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...