Вохӯрии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ашқобод

Date:

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Ашқобод вохӯрии дурӯзаи вазирони нақлиёт ва алоқаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ вазирону нақлиёту алоқаи Қазоқистон, Эрон, Туркия, Покистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳамчунин намояндагони Бонки осиёгии рушд ва Иттифоқи байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов сарварӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди зербинои нақлиётиву коммуникатсионии минтақа, таъсиси роҳҳои нави нақлиётӣ ва истифодаи методу воситаҳои тозаи инноватсионӣ дар ин соҳа баррасӣ шуданд. «Ҳамчунин иштирокчиёни мулоқот атрофи ҷараёни амалисозии Созишномаи СҲИ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва муқаррароти Эъломии Ашқобод, ки аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ қабул гардид, табодули афкор карданд», – афзуд сарчашма.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...