Қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳои хиёбони Рӯдакӣ

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила муваққатан қатъ карда мешавад. Аз ҷумла, аз 7  то 9 июл ҳаракати нақлиёт аз бурриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир,  аз 9 то 11 июл аз гардиши кӯчаи […]

Asia-Plus

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила муваққатан қатъ карда мешавад. Аз ҷумла, аз 7  то 9 июл ҳаракати нақлиёт аз бурриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир,  аз 9 то 11 июл аз гардиши кӯчаи С.Носир то гардиш ба самти хиёбони И.Сомонӣ ва аз 11 то 13 июл аз гардиши хиёбони И.Сомонӣ то бурриши кӯчаи Теҳрон қатъ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шахри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар робита ба ин масъала Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ,  дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ бо сабаби гузаронидани  корҳои таъмири роҳ қарореро ба тасвиб расонид.

Дар асоси ин қарор масъулину роҳбарони муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбаро дар хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) мегузаранд ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот  ворид намоянд.

Ҳамчунин Рвёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои  таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат бо назардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чора андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд