Вохӯрии намояндагони ҲХДТ бо ҷавонони Кӯлоб

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоб бо ташабусси шўъбаи  кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (КИМ ҲХДТ) ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи 6 – июли соли ҷорӣ бо иштироки ҷавонон  дар мавзӯи «Ҷавонон ва истиқлолият » вохӯрӣ баргузор […]

Asia-Plus

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоб бо ташабусси шўъбаи  кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (КИМ ҲХДТ) ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи 6 – июли соли ҷорӣ бо иштироки ҷавонон  дар мавзӯи «Ҷавонон ва истиқлолият » вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре аз Дастгохи Кумитаи иҷроияи марказии ХХДТ хабар доданд, дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи  Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулайхо Ҳақназарова иштирок ва суханронӣ намуд. «Зулайхо Ҳақназарова  дар мавриди фаъолияти ҲХДТ дар шањри Кӯлоб, ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои ҳизб ва нақши ҷавонон дар рушди кишвар ҳарф зада, ҷавононро ба корҳои созандаву рафтори шоиста ва саҳм гирифтан дар ободонии кишвар даъват кард», – гуфт сарчашма.

Мудири шӯъбаи Дастгоҳи марказии ҳизб Зоир Ҳабибов атрофи дастовардҳои даврони Истиқлолият таваққуф намуда, аз ҷумла гуфт, ки то имрўз даҳҳо миллату кишварҳое мавҷуданд, ки тайи садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлолият ва соҳиб гардидан ба марзу буми сарзаминашон азият мекашанд. «Ба дӯши ҷавонон имрӯз масъулияти бузурге вогузор шудааст, ки тақдири давлати   ҷавонамон   ба   онҳо вобаста аст. Ҷавонони ҳизби мо нисбати ҷавонони ҳизбҳои дигар дар ҳамаи мақомоти намояндагӣ ва ҳокимияти иҷроия аксариятро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, мо метавонем барои пешрафти ҷомеа ва тақдири имрӯзу фардои Ватан нақши муассир дошта бошем», – изҳор дошт номбурда.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба чанд тан аз ҷавонони ба сафи ҲХДТ шомилшуда  билетҳои ҳизбӣ  супорида  шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд