Дар Суғд барои нигаҳдории чароғҳои каммасрафи корношоям бинои махсус омода месозанд

Хуҷанд. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хадамоти коммуналии вилояти то ахири моҳи август барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории чароғҳои каммасрафи корношоям бояд биноҳои махсус омода созанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи нозироти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Аскар Абдувалиев хабар дод, бунёди чунин биноҳои махсус марҳилаи аввали омодагӣ ба безараргардонии чунин чароғҳо буда, айни замон […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хадамоти коммуналии вилояти то ахири моҳи август барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории чароғҳои каммасрафи корношоям бояд биноҳои махсус омода созанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи нозироти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Аскар Абдувалиев хабар дод, бунёди чунин биноҳои махсус марҳилаи аввали омодагӣ ба безараргардонии чунин чароғҳо буда, айни замон набояд ба он роҳ дод, ки лампаҳои каммасрафи корношоям дар кӯчаву ахлотпарто мавҷуд бошанд. «То дар вилояти Суғд пайдо шудани таҷҳизоти безараргардонии ин чароғҳо, яъне аз дохили онҳо гирифтани симоб ба зарфи махсус пайдо нашавад, кор бо онҳоро танҳо дар ҷойҳои муайян мебояд ба роҳ монд, зеро симоби дохили лампаҳо дараҷаи аввали заҳрнокӣ дошта, дар сурати шикастани лампа ва ба хок олуда шудан, он тавассути рустаниву ширу гӯшти ҳайвонот метавонад ба ҷисми инсон роҳ ёбад», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, тамоми корхонаҳои вилоят огоҳонида шудаанд, ки лампаҳои каммасрафи корношоямро дар ҷойи махсус ҷамъоварӣ намоянд, вале бобати ҷамъоварии чунин чароғҳо аз аҳолӣ мушкилот ҷой дорад. «Метавон дар ҳар маҳалла барои ин контейнери махсус гузошт ё дар мувофиқасозӣ бо истеҳсолкунандагон шояд шароитеро фароҳам сохт, ки шаҳрвандон лампаҳои каммасрафи корношоямро ба лампаҳои нав иваз кунанд», – иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин афзуд, айни замон бинобар мавҷуд набудани таҷҳизоти махсус комилан безараргардонии чунин лампаҳо дар вилояти Суғд ғайриимкон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд