Дар Тоҷикистон корхонаҳои нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд мегарданд

Date:

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 72 ҳазор тонна дар як сол мавриди истифода қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таъсиси корхонаи нав – ҶДММ «Тоҷикистон ба таъмини 180 нафар бо ҷойи корӣ шароит фароҳам меорад. «Ғайр аз ин, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Мастчоҳ мавриди истифода қарор гирифтани се корхонаи истеҳсоли хишт ба нақша гирифта шуда, айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмону насб дар арафаи анҷомёбианд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 160 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳамчунин дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар корхонаҳои ватанӣ 28 млн. дона хишт, 25 ҳазор тонна оҳак ва 49 ҳазор метри мураббаъ шиша истеҳсол шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар корхонаҳои ҶСП «Заводи сементи Самадов» (ш.Исфара), ҶДММ «Ҷ.Собиров» (ш. Табошар), ҶДММ «Лада мармар», ҶДММ «Тоҷикмармар», ҶДММ «Дурдона» ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...