Таҳсили 12 нафар донишҷӯёни тоҷик тибқи идрорпулии президентии «Дурахшандагон»

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо кишвархои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид. Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи кишвар Фарҳод Раҳимов дар робита ба ин масъала гуфт, барои соҳиб шудан ба идрорпулии президентии «Дурахшандагон» барои соли хониши 2011-2012 аз рӯйи касбҳое, ки […]

Машҳура Абдуллоева

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо кишвархои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи кишвар Фарҳод Раҳимов дар робита ба ин масъала гуфт, барои соҳиб шудан ба идрорпулии президентии «Дурахшандагон» барои соли хониши 2011-2012 аз рӯйи касбҳое, ки ҷумҳурӣ ба он ниёз дорад, имтиҳонот барпо гардида, 12 нафар донишҷӯён барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия, Қазоқистон ва Белорус ҳуқуқ пайдо карданд. Ҷараёни қабули номзадҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба магистратура идома дорад.

Ба қавли муовини вазир, дар чаҳорчӯби асноди ҳамкории баимзорасида барои донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби Русия – 200, Чин – 82 ва Туркия 20 квота барои таҳсил ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил аз ҷониби Украина, Қирғизистон, Чехия, Словакия ва дигар кишварҳо низ квотаҳо ҷудо карда шудаанд. «Қимати таҳсил дар Русия то 5 ҳазор доллари ИМА арзиш дошта, дар кишварҳои аврупоӣ он ба 25-30 ҳазор доллари ИМА мерасад», – изҳор дошт Раҳимов.

Номбурда афзуд, идрорпулии президентии «Дурахшандагон» оид ба омодакунии кадрҳо дар хориҷи кишвар муддати 2 сол аст, ки мавриди амал қарор гирифта, тамоми маблағи хароҷот аз ҳисоби фонди захиравии президенти кишвар ҷудо карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.