Шабдолов боз раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд

Душанбе. 11-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолови 67-сола боз раиси ҳизб интихоб шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  аз Дастгоҳи ҳизб хабар доданд,  дар анҷуман  ҳисоботи фаъолияти ҳизб дар тӯли панҷ соли сипаригашта шунида шуда, ҳайати нави Кумитаи Марказӣ ва комиссияи тафтишотӣ интихоб гардидааст. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 11-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолови 67-сола боз раиси ҳизб интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  аз Дастгоҳи ҳизб хабар доданд,  дар анҷуман  ҳисоботи фаъолияти ҳизб дар тӯли панҷ соли сипаригашта шунида шуда, ҳайати нави Кумитаи Марказӣ ва комиссияи тафтишотӣ интихоб гардидааст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, ки ҳадафҳои асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқи  иҷтимоии шаҳрвандон, баробарҳуқуқӣ, дастрасӣ ба таълимот ва хизматгузории ройгон боқӣ мемонанд. «Дар кори анҷуман аъзои ҳизб аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ширкат варзиданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, бинобар камбуди молиявӣ намояндагони ҳаракати бйнулмилалии коммунистӣ ба кори анҷуман даъват карда нашуданд.

Феълан Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 40 ҳазор нафар узв дорад. Шодӣ Шабдолов аз соли 1991 пешвои коммунистони Тоҷикистон аст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.