Хитойиҳо дар Тоҷикистон сурбу руҳ ҷустуҷӯ мекунанд

Date:

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Саридораи геологияи ҷумҳурӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои имзо иҷозатномаи «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин»-ро ҷиҳати омӯзиши геологии кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» ирсол кардааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки миёни Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Чин ва Саридораи геологияи ҷумҳурӣ оид ба баргузории корҳои муштарак ҷиҳати омӯзиши геологии минтақаҳои наздимарзӣ шартнома ба имзо расидааст. «Айни замон корҳои саҳройӣ оғоз гардида, роҳандозии чунин ҳамкориҳо бо хадамоти геологии кишварҳои дигар низ дар ҳоли рушд аст», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, А.Иброҳим зикр намуд, ки барои бозпас гирифтани иҷозатномаи ҶДММ «Марвис», ки дар минтақаи шимоли кишвар ба ҷустуҷӯйи нафту газ машғул аст, тамоми ҳуҷҷатҳо омода карда шудаанд. «Пас аз дастрас намудани хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ин ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат пешниҳод карда мешаванд», – иброз дошт вай.

Номбурда афзуд, дар нимсолаи авали соли равон иҷозатномаи ҶДММ «Нурафзои Ширин», ки ба ҷустуҷӯйи кони ангишти сангӣ машғул буд, низ бозпас гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...