Кӯмаки тоҷирони Чин ба кӯдакони ятими пойтахт

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соҳибкорони Чин, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар кори Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Маҳсулоти содиротии ВАСУ (СУАР) Чин – Тоҷикистон 2011» қарор доранд, ба хонаи кӯдакони рақами 2-и пойтахт дасти ёрӣ дароз намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ба аъзои хурдсоли ҷамъият […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соҳибкорони Чин, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар кори Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Маҳсулоти содиротии ВАСУ (СУАР) Чин – Тоҷикистон 2011» қарор доранд, ба хонаи кӯдакони рақами 2-и пойтахт дасти ёрӣ дароз намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ба аъзои хурдсоли ҷамъият кӯмак расонида шудааст, ки ҳаёти онҳоро наметавон беғубор шумурд.

Зимни суханронӣ дар назди кормандону тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон сардори Раёсати савдои наздисарҳадӣ дар назди ҳукумати вилояти Синтзян Уйғури Чин Ян Кай Сен зикр кард, ки дасти ёрӣ дароз намудан ба кӯдакони ятимро бояд ҳар як шахс вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморад. «Ба вазъи кӯдакони ятим таваҷҷӯҳи ҳар як шахс зарур аст, ва то чӣ андозае, ки ҳарчи бештар одамон ба он таваҷҷӯҳ зоҳир созанд, шумори кӯдакони бадбахт миёни мо камтар шуда, зиндагии онҳо ва ояндаи мо низ хушбахтона хоҳад буд», – иброз дошт вай.

Дар навбати худ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асаналӣ Карамалиев изҳор кард, ки ҳар як шахси солимфикр бояд дарк намояд, ки расонидани кӯмак ба ятимон то чӣ андоза кори муҳим аст. «Албатта, иқдоми хайрияи соҳибкорони Чин намунаи арзандаи ибратомӯзӣ аст», – таъкид сохт ӯ.

Мудири хонаи кӯдакони рақами 2-и пойтахт Қумрӣ Тулиева мегӯяд, айни замон дар ин ҷо 100 нафар кӯдакони ятим ба тарбия фаро гирифта шуда, ҳамаи онҳо ба таваҷҷӯҳу ғамхорӣ эҳтиёҷманданд. «Онҳо ба омадани ҳар як меҳмон ва сӯҳбат бо онҳо беҳад хурсанд мешаванд. Ин кӯдакон муҳитро ба тарзи худ дарк мекунанд, вале қалби онҳо дар ин лаҳзаҳо саршор аз самимият аст», – афзуд мудири хонаи кӯдакон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.