Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ дар Хуҷанд

Date:

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ ва суистеъмоли маводи мухаддир доир гардид, ки дар кори он раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова иштирок кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа инчунин намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, молия ва Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизиону радио ва кор бо занону оила низ ширкат варзиданд.

«Дар қатори мушкилоти мавҷудаи пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар ҷаласа инчунин масъалаи ҷараёни иҷрои Барномаи ягонаи давлатии ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт», – гуфтанд дар агентӣ.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ бо фармони президенти ҶТ аз 3-юми апрели соли 2004 таъсис дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...