Тӯҳфаи Вазорати энегертика ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ

Date:

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфа 5 ҳазор нусха китоб тақдим кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ин китобҳо аз ҷониби кормандони вазорат ҷамъоварӣ шуда, вазири энергетика Гул Шералӣ онҳоро ба китобхона тақдим намуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли равон ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бинои нави Китобхонаи миллӣ ба истифода дода мешавад. Баҳри сохтмони он аз бюҷети кишвар ҳудуди 40 млн. доллари ИМА ҷудо гардид.

Интизорӣ меравад, ки хазинаи китобхона аз 20 млн. нусха нашрияҳои ватаниву хориҷӣ иборат хоҳад буд. Айни замон вазорату идораҳои кишвар баҳри ҷамъоварии китоб ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхона миёни кормандони худ маъракаҳои таблиғотӣ доир месозанд. Аз баргузории маъракаи мазкур ҳамчунин як зумра зиёиён ва шаҳрвандони қатории кишвар низ пуштибонӣ карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related