Соли равон истеҳсоли тухм ба миқдори 15 млн. дона афзуд

Date:

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 80 млн. дона тухми мурғ истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 млн. дона зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Паррандапарвар» Машокир Назаров хабар дод, афзоиши истеҳсоли тухм ба беҳбуди таъмини аҳолии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе бо тухми хушсифат ва гӯшти парҳезии мурғ мусоидат мекунад. «Дар пойтахт се нуқтаи фурӯши гӯшти мурғи хушсифат ва тухм бо нархҳои дастрас амал мекунанд», – гуфт ӯ.

М.Назаров мегӯяд, сол то сол талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва тухми мурғ дар ҳоли болоравӣ буда, барои пурра қонеъ сохтани талаботи як нафар ҳамасола истеҳсоли 6 кило гӯшти парҳезии мурғ ва 220 дона тухм зарур аст. «Айни замон дар ҷумҳурӣ 23 корхонаи паррандапарварӣ амал мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 1,5 млн. паррандаҳо парвариш карда мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи рушди паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015-ро қабул намуд, ки он ба беҳбуди заминаи истеҳсолии корхонаҳои паррандапарварӣ, таъмини саривақтии бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва роҳандозии содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...