Эҳтимоли ҳуҷуми навбатии ҷонибдорони Худойбердиев ба Тоҷикистон

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳуҷуми навбатии мусаллаҳонаи ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонад. Зимни нишасти хабарӣ А.Қаҳҳоров дар робита ба ин масъала гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар каламрави Тоҷикистон 12 нафар аъзои гурӯҳи собиқ полковники артиши миллӣ Маҳмул Худойбердиев боздошт […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳуҷуми навбатии мусаллаҳонаи ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонад.

Зимни нишасти хабарӣ А.Қаҳҳоров дар робита ба ин масъала гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар каламрави Тоҷикистон 12 нафар аъзои гурӯҳи собиқ полковники артиши миллӣ Маҳмул Худойбердиев боздошт шудаанд.

«Набояд фаромӯш сохт, ки шахси як маротиба ба ватанаш хиёнатнамуда, метавонад онро борҳо такрор кунад», – гуфт ӯ.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд аз се амали террористӣ ҷилавгирӣ карда шуд, ки маҳз кори дасти ҷонибдорони Худойбердиев буд.

«Тайи ду соли ахир кормандони милисаи ҷумҳурӣ бинобар таҳдиди ҳуҷуми гурӯҳи Худойбердиев, ҳамеша дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд», – изҳор кард вазир.

Ёдрас мешавем, ки полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев роҳбарии бригадаи махсуси зудамалӣ тирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва аз соли 1992 то соли 1997 ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик ҷангидааст. Баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба муқобили ҳукумат бархост ва баъди шикаст хӯрдан  ба Ҷумҳурии Ӯзбакистон фирор намуд.

Баъди як сол аз 4 то 9 – уми ноябри соли 1998 полковники исёнгар ба вилояти Суғд ҳуҷум намуд. Баъди ба шикаст рӯ ба рӯ шудан  аз нав ба Ӯзбакистон фирор намуд. Мувофиқи бархе аз маълумотҳои тасдиқнашуда Маҳмуд Худойбердиев то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон аст.

Дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша нобуд карда шуда, 94 нафар аъзои ин гурӯҳҳо дастгир шудаанд. «Ин гурӯҳҳои муташакккили ҷиноятпеша дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ беш аз 1 ҳазору 300 ҷиноят содир намудаанд», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин А. Қаҳҳоров зикр кард, ки дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 тан аз аъзои гурӯҳҳои террористӣ нобуд карда шудаанд. «Дар зарфи 6 моҳи сол равон кормандони вазорат 14 нафар аъзои созмони динии ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва 18 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро низ дастгир карданд», – афзуд А.Қаҳҳоров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.