Нимсолаи аввал дар Суғд ҳудуди 295 кило маводи мухаддир мусодира шуд

Date:

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳудуди 295 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181 кило зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азя-Плюс» сардори бахши таҳлили шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД вилоят Насим Олимов хабар дод, аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда беш аз 12 килояшро маводи сахттаъсири героин, 891 граммашро – афюн, зиёда аз 268 килояшро – ҳашиш ва беш аз 12 килои боқимондаро – навъҳои дгари маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи далелҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 138 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ ба сурати умум 359 кило маводи мухадирро (соли 2010 – 169 кило) мусодира намуданд, ки 34 килои онро маводи сахттаъсири героин ташкил дод.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...