Суғд: Муовини раиси ҷамоат барои ришваситонӣ ба муддати 2,5 сол маҳкум шуд

Хуҷанд. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додгоҳ муовини раиси ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои ришваситонӣ ба муддати 2,5 сол маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа, муовини раиси додгоҳи ноҳияи мазкур Одилбой Усмонов хабар дод, муовини раиси ҷамоат Додоҷон Каримов моҳи апрели соли равон ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 200 доллари ИМА […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додгоҳ муовини раиси ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои ришваситонӣ ба муддати 2,5 сол маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа, муовини раиси додгоҳи ноҳияи мазкур Одилбой Усмонов хабар дод, муовини раиси ҷамоат Додоҷон Каримов моҳи апрели соли равон ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 200 доллари ИМА дар ҳуҷраи кориаш аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасоди вилояти Суғд боздошт шудааст.

Маблағро ӯ аз сокини маҳаллӣ Х.М. барои мусоидат дар ҳалли масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист, ки ба салоҳияти ӯ дохил нест, талаб кардааст.

Додгоҳ Каримовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и КҶ ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора) гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 2,5 соли зиндони реҷаи умумӣ маҳкум кард.

Додгоҳ ҳамчунин Каримовро аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимият ва худидоракнии маҳаллӣ дар муддати 2 соли пас аз адои ҷазо низ маҳрум сохт.

Бино ба маълумоти мақомоти додгоҳи вилояти Суғд, дар зарфи шаш моҳи соли равон кормандони мақомот 16 ҳодисаи ришваситонӣ аз ҷониби шахсони мансабдорро ошкор сохтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.