Суғд: Ҳалокати як нафар бар асари заминларза

Date:

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд бар асари заминларзаи шаби 20-уми июл як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Исмоил Исмоилов хабар дод, шахси қурбоншуда сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Аскаров аст. «Ӯба сохтмони манзили зисташ машғул буда, шабона дар бинои сохтмонаш нотамом мемонад ва ҳангоми заминларза аз ошёнаи дуюми бино худро ба замин меафканад. Дар натиҷа ҷароҳатҳои зиёд бардошта, ба ҳалокат расидааст», – гуфт ӯ.

Исмоилов иброз дошт, ки ҳамчунин бар асари заминларза чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд низ осеб дидаанд. «Зимни саросемавор тарк кардани хонаҳои худ дасту пойи чанде аз онҳо шикастааст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шаби 19 ба 20-уми июли соли равон  дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Заминларза соати 00:35 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дар маркази заминларза, ки дар 280 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе – дар қаламрави Қирғизистон воқеъ буд, қувваи он аз рӯйи ҷадвали 12 балла 6-7 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 4 балл баробар буд.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон бар асари ин заминларза 13 нафар ҳалок ва беш аз 80 тан ҷароҳат бардоштаанд. Дар Қирғизистон шумори ҷароҳатбардоштагон 15 нафарро ташкил медиҳад.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. In ogohi bar ifrotgaroiyon

    Avvalan khudoi muttaol hammai mardumro va bilkhusus mardumi Tojikro az in khel hodisaho panoh dihad(omin) Lokin man yak chizro guftaniyam dar mavzui hamin hodisa,ki hammai hodisa albatta az jobi khudoi taolo ast!!ba in shakku shubha nest! va kase biguyad,ki in hodisa az tabiat ast albatta u musalmon nest!
    Hukumnati imruzai Tojikiston bo sardori Emomali Rahmon bar ziddi Din va Dindoron bo qadi bad jang elon karda istodaand va qonunho qabul karda istodaand va har yak qonun qabul kunanda boyad khub donad,ki sohi in Dini sof Khudoi taolo ast,ki u muhofizat kunandai Dinash ast! va kase bar ziddi Diniash qasdan donista jang elon kunad khudoi taolo bo har roh inkhel jangovaronro ba halokati sakht merasonad!
    Ogoh boshed shoyat ruzhoi nazdik 5,2 bal ne balki 8-9-10 bal shudanash mumkin dar hamon vaqt khudoi taolo ki budanashro hama bo chashmash mibinad!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...