Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.
«Баъди ба ҳузурам пазируфтани падари нозири марҳум, ман бо дархости ӯ бо ҳолатҳои парванда шинос шудам, ки дар он аз ҷониби кормандони мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ба яқ қатор тақаллубкориҳо роҳ дода шудааст. Онҳо парвандаро мутобиқи моддаи 108-и КҶ ҶТ (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) тафтиш кардаанд. Ман дар ин бора ба сарвари давлат хабар додам ва бо супориши ӯ, ин парванда барои бознигарӣ ба Додситонии кулл фиристода шуда, моддаи он ба моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) тағйир дода шуд», – гуфт Ф. Саидов.


