Хатсайри ҳавоии Душанбе-Хоруғ дубора барқарор шуд

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғро дубора барқарор кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, чанде қабл ин масъала дар машварати ҳукумати кишвар баррасӣ шудааст. «Дар машварат перомуни озод кардани ширкати «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳои фурудгоҳ ва ҳавонавардӣ қарор […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғро дубора барқарор кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, чанде қабл ин масъала дар машварати ҳукумати кишвар баррасӣ шудааст. «Дар машварат перомуни озод кардани ширкати «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳои фурудгоҳ ва ҳавонавардӣ қарор қабул гардид, лекин ин қарор ҳоло шифоҳӣ буда, ояндаи наздик баъди мувофиқа бо идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ он расман ба тасвиб хоҳад расид», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ки парвози ҳавпаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғ рӯзи 25-уми июл дубора барқарор шуданд. «Айни замон мо тибқи меъёрҳои пештараи пардохти хизматгузориҳо амал мекунем ва ба ширкат ҳеҷ сабукиву кам кардани пардохт дода нашудааст. Хатсайри Душанбе-Хоруғ барои мӯътадил сохтани вазъ дубора барқарор гардид. Аз ҷониби шаҳрвандон арзу шикояти зиёде ворид гардид ва мо натавонистем мусофирони худро дар ин ҳол бигузорем», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкати мазкур умедвори онанд, ки дар фурсати наздиктарин «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳо озод гардида, дар хатсайрҳои дохилӣ ба зиён дучор намегардад.

Ёдрас мекунем, ки парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Хоруғ-Душанбе рӯзи 15-уми июл пурра қатъ гардида буд. Директори генералии ширкат дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки хатсайри мазкур зиёновар буда, ҳаҷми зарари аз он расида дар як моҳ то 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.