Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Date:

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат зимни сафари якрӯзаи худ ба ин ноҳияҳо дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти ба муносибати таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бунёдёфта ширкат хоҳад варзид.

«Ҳамчунин иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фаъолони ноҳияҳои мазкур дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни вохӯриҳои президенти кишвар бо намояндагони бахшҳои гуногуни кишоварзиву иқтисод ба масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ва баргузории кишти такрорӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...