Ҳукумат барои харидории таҷҳизот ба КҲФ ва МГ ҳудуди 5 млн. сомонӣ ҷудо кард

Date:

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ барои харидани техникаву таҷҳизот ба Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ наздики 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар тӯли фаъолияти кумита бори нахуст ҳукумат ин миқдор маблағи зиёдро ҷудо намудааст. «Дар нимсолаи аввали соли равон бо дастгирии созмонҳои мададрасони хориҷӣ ва ташкилотҳои байнулмилалӣ барои эҳтиёҷоти кумита ба маблағи ҳудуди 430 ҳазор Евро техникаву таҷҳизот дастрас гардид», – гуфтанд дар кумита.

Ҳамчунин зикр гардид, ки кумита ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки хадамоти ҳифз аз жолаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба тобеъияти КҲФ ва МГ гузаронида шавад ва айни замон ин пешниҳод мавриди баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. «Гап сари он аст, ки вазифаҳои ба дӯш доштаи ин хадамот бештар ба чораҳои меандешида зимни ҳолатҳои фавқулодда мувофиқанд», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...