Ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Душанбе

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба шаҳри Душанбе ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, имрӯз вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул баргузор мешавад. «Дар мулоқот баррасии маҷмӯи васеъи масоили […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, имрӯз вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул баргузор мешавад. «Дар мулоқот баррасии маҷмӯи васеъи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, амният, маориф ва тандурустӣ дар назар аст», – гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи Д. Назриев, дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Афғонистон ҳамчунин гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров низ ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.