Ағбаи Шаҳристон: Ҳалокати ду тан бар асари сангреза

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангреза ду нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух додааст. Ба иттилои манбаъ, зимни ҳаракат автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» зери сангреза монда, ба ҷарии чуқуриаш 200 […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангреза ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни ҳаракат автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» зери сангреза монда, ба ҷарии чуқуриаш 200 метр сарозер рафтааст.

«Ронандаи автомашина, сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб Рустам Шоеви 31-сола ва мусофири он истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур Олим Ҷалилови 31-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.