Ҳукумат барои харидории таҷҳизот ба КҲФ ва МГ ҳудуди 5 млн. сомонӣ ҷудо кард

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ барои харидани техникаву таҷҳизот ба Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ наздики 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар тӯли фаъолияти кумита бори нахуст ҳукумат ин миқдор маблағи зиёдро ҷудо намудааст. «Дар нимсолаи аввали соли равон […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ барои харидани техникаву таҷҳизот ба Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ наздики 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар тӯли фаъолияти кумита бори нахуст ҳукумат ин миқдор маблағи зиёдро ҷудо намудааст. «Дар нимсолаи аввали соли равон бо дастгирии созмонҳои мададрасони хориҷӣ ва ташкилотҳои байнулмилалӣ барои эҳтиёҷоти кумита ба маблағи ҳудуди 430 ҳазор Евро техникаву таҷҳизот дастрас гардид», – гуфтанд дар кумита.

Ҳамчунин зикр гардид, ки кумита ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки хадамоти ҳифз аз жолаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба тобеъияти КҲФ ва МГ гузаронида шавад ва айни замон ин пешниҳод мавриди баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. «Гап сари он аст, ки вазифаҳои ба дӯш доштаи ин хадамот бештар ба чораҳои меандешида зимни ҳолатҳои фавқулодда мувофиқанд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.