Заминларзаи навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз соати 8-у 16 дақиқаи субҳ дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии назди Академияи улуми ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 250 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд. Бино ба маълумоти пешакӣ, қувваи заминларза дар […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз соати 8-у 16 дақиқаи субҳ дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии назди Академияи улуми ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 250 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд. Бино ба маълумоти пешакӣ, қувваи заминларза дар марказ ба 3 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 2 балл баробар будааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо маълумоте нарасидааст.

Тайи моҳи ахир ин заминларзаи сеюмест, ки дар минтақа ба қайд гирифта шуд. Бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон рухдода як нафар ба ҳалокат расида буд. Дар Ӯзбекистон бар асари ин заминларза 13 наар ҳалок ва зиёда аз 80 тан ҷароҳат бардошта буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.