Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корманди Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд ба гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати мазкур Ҳусейн Оқилов хабар дод.
Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319, қ 4-и КҶ ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Ҳарчанд корманди агентӣ Р.Г. шахсан пораро дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА нагирифта бошад ҳам, миёнарав тасдиқ мекунад, ки ӯ ин маблағро барои Р.Г. аз сокини ноҳияи Ашт барои қатъи парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 247, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гирифтааст», – мегӯяд Оқилов.
Номбурда ҳамчунин афзуд,, тафтишот муайян хоҳад кард, ки корманди агентӣ гунаҳкор аст ё миёнарав маблағро барои худаш гирифтааст.
Бино ба маълумоти Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 22 далели ришваситонии шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.


