Вазорати саноат нархи устувори ордро пешгӯӣ мекунад

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор кард, ки нимаи дуюми соли равон ва аввалҳои соли оянда дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон нархи орд ва маҳсулоти нонӣ ба қадри ҳол устувор боқӣ хоҳанд монд. «Дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки зиёда аз 1 млн. тонна […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор кард, ки нимаи дуюми соли равон ва аввалҳои соли оянда дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон нархи орд ва маҳсулоти нонӣ ба қадри ҳол устувор боқӣ хоҳанд монд.

«Дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки зиёда аз 1 млн. тонна маҳсулоти ғалладонагӣ истеҳсол мешавад, – зикр кард вазир. – Тадриҷан дар дохили кишвар истеҳсоли зироати ғалладонагиро афзун хоҳем кард. Ғайр аз ин, соли равон бинобар обуҳавои мусоид дар Русияву Қазоқистон, ки таъминкунандагони маҳсулоти ғалладонагии Тоҷикистон мебошанд, ба даст овардани ҳосили хуби зироати ғалладонагӣ пешбинӣ мегардад. Масалан, дар Русия ба даст овардани беш аз 90 млн. тонна ҳосили зироати ғалладонагӣ дар назар аст, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёдтар аст».

Ҳамралиев хотиррасон намуд, ки соли гузашта Қазоқистону Русия маҷбур шуданд, ки содироти гандуму ордро манъ намоянд. «Аввали соли равон низ чунин ҳолат рух дод, яъне содиротро маҳдуд карданд. Аз ин рӯ, дар бозори дохилии Тоҷикистон нархи ин навъи маҳсулот боло рафт. Аллакай дар Русия манъи содирот бекор карда шуд. Онҳо ба дарёфти бозори фурӯши маҳсулоти худ манфиатдоранд, вале бозорҳои дигаре мавҷуданд, ки метавон аз онҳо чунин маҳсулотро харидорӣ намуд. Фикр мекунам, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте мавҷуд нахоҳад буд», – таъкид кард вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.