Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз соати 8-у 16 дақиқаи субҳ дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии назди Академияи улуми ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 250 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд. Бино ба маълумоти пешакӣ, қувваи заминларза дар марказ ба 3 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 2 балл баробар будааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо маълумоте нарасидааст.
Тайи моҳи ахир ин заминларзаи сеюмест, ки дар минтақа ба қайд гирифта шуд. Бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон рухдода як нафар ба ҳалокат расида буд. Дар Ӯзбекистон бар асари ин заминларза 13 наар ҳалок ва зиёда аз 80 тан ҷароҳат бардошта буданд.


