Ришваситонии омӯзгори Донишгоҳи техникии Хуҷанд

Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Омӯзгори Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд барои мусоидат ба дохил шудан ба шӯъбаи бюҷетии донишгоҳи мазкур аз довталаб 2 ҳазору 300 доллари ИМА маблағ талаб кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, омӯзгори кафедраи […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Омӯзгори Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд барои мусоидат ба дохил шудан ба шӯъбаи бюҷетии донишгоҳи мазкур аз довталаб 2 ҳазору 300 доллари ИМА маблағ талаб кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд А.А. ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шудааст. Нисбати ин амали ӯ мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли кишвар 30 далели ба қаллобӣ даст задан ба қайд гирифта шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.