Соли оянда БОР ба маблағгузории иқтисоди Тоҷикистон идома медиҳад

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва роҳбари Департамент оид ба рушди тиҷорати хусусӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Бонки осиёгии рушд (БОР) Стивен Вермерт ва намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Қаҳҳор Аминов баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва роҳбари Департамент оид ба рушди тиҷорати хусусӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Бонки осиёгии рушд (БОР) Стивен Вермерт ва намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Қаҳҳор Аминов баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили интихоби бахшҳои асосии сармоягузорӣ ва ҷустуҷӯйи шарикони хориҷӣ барои соҳибкорони тоҷик баррасӣ шуданд.

Саид Шариф дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маълумот дода, зикр кард, ки барои сармоягузорӣ соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, бахши коркард ва кишоварзӣ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Дар навбати худ намояндагони БОР изҳор карданд, ки барои бонк сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва сармоягузорӣ ба рушди кишоварзиву ҷалби сармоягузорон ва технологияҳои олӣ мароқовар аст.

Намояндагони бонк ҳамчунин таъкид сохтанд, ки зимни маблағгузорӣ ба рушди бахши кишоварзӣ бояд ҷиҳати ба даст овардани маҳсулоти хушсифат кафолат дода шавад. Ба гуфтаи онҳо, баррасии масъалаи пешниҳоди қарз вақти зиёдро талаб мекунад ва аз ин рӯ, пешниҳоди қарз аз соли 2012 ва минбаъд пешбинӣ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2009 Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон танҳо кӯмаки бурсӣ мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.