Ирсоли парвандаи роҳбари «Мовароуннаҳр» ба Додгоҳи олӣ

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр Ҷӯрабек Охунов ба иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ҷиҳатии баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ хабар доданд. Мурофиаи додгоҳӣ таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абдулхайров доир мегардад. Тафтишоти […]

Asia-Plus

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр Ҷӯрабек Охунов ба иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ҷиҳатии баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ хабар доданд.

Мурофиаи додгоҳӣ таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абдулхайров доир мегардад. Тафтишоти парванда аз моҳи ноябри соли 210 то инҷониб идома дошт.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии саҳҳомони ширкат 700 нафарро ташкил медиҳад, ки 250 нафарашон аллакай ё соҳиби хона шудаанду ё дар даст ҳуҷҷати гирифтани манзилро доранд ва 450 нафари дигар манзилҳои худро дар биноҳои сохтмонаш нотамом интизоранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».

Ширкати «Мовароуннаҳр шурӯъ аз соли 2005 ба сохтмони ипотекӣ машғул аст, аммо бо қисман ё пурра гирифтани маблағи манзил на ба ҳама манзили ваъдашударо додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.