Нақзи ҳуқуқи ноболиғон дар Хатлон

Қӯрғонтеппа. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Сӯҳроб Саломов бар ин назар аст, ки дар вилоят ҳуқуқи кӯдакон асосан аз ҷониби волидайн поймол карда мешаванд. Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати падару модароне, ки ҳуқуқҳои кӯдакони худро поймол месозанд, […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Сӯҳроб Саломов бар ин назар аст, ки дар вилоят ҳуқуқи кӯдакон асосан аз ҷониби волидайн поймол карда мешаванд.

Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати падару модароне, ки ҳуқуқҳои кӯдакони худро поймол месозанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд, ки асосан ба масъалаи пардохт накардани кӯмакпулӣ (алимент) барои тарбияи кӯдак то сини 18-солагӣ дахл дорад.

Ба гуфтаи Саломов, дар нимсолаи аввали соли равон нисбати волидайне, ки монеъаи дастрасии фарзандон ба таҳсил дар мактаб шудаанд, 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар соли хониши 2010-2011 1 ҳазору 346 кӯдакони шаҳри Қӯрғонтеппа аз таҳсил барканор мондаанд. «Бо кӯшишу мусоидати кормандони раёсати мо ва раёсати маориф 112 нафар кӯдакон дубора ба таҳсил фаро гирифта шуданд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон тайи 6 моҳи соли равон ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят 45 нафар ноболиғон боздошт шудаанд, ки 25 нафари онҳо дар ҳеҷ куҷо таҳсил намекардаанд. Аксари ноболиғон ба дуздии амволи шахси дигар даст задаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.