Истеъфои сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ба истеъфо рафт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз дар Шӯрои Кумитаи иҷроияи федератсия қарор шудааст, аризаи сармураббӣ дар бораи истеъфояш қонеъ гардонида шавад.

Баъди ду шикаст аз дастаи Сурия дар қуввваозмоии даври интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 оид ба футбол Пӯлод Қодиров тасмим гирифт, ки ба истеъфо равад. Ҳамин тариқ дастаи Тоҷикистон аз иштироки минбаъда дар бозиҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум гардид.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода (шикаст бо ҳисоби 0 бар 4) Пӯлод Қодиров зикр кард, ки «мутаассифона, мо ба таври бояду шояд ба ин қувваозмоиҳо омодагӣ гирифта натавонистем. Мо ба суриягиҳо аз ҳама ҷиҳат бозиро бохта, ба даври дигар роҳхат гирифта натавонистем».

«Агар мақомоти раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон чунин шуморанд, ки ман аз ӯҳдаи иҷрои вазифаам набаромадам, ман ба истеъфо омодаам», – гуфта буд ӯ он замон.

Сармураббии нави дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи наздиктарини Кумитаи иҷроияи Федератсия интихоб хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...