Оғози имтиҳоноти қабул ба макотиби олии ҷумҳурӣ

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар аксари макотиби олии кишвар имтиҳоноти қабули доваталабон ба мақоми донишҷӯйӣ оғоз гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Алидод Расулов хабар дод, айни замон дар Тоҷикистон 30 мактаби олӣ ва 6 филиали макотиби олии гуногун, аз ҷумла макотиби олии хориҷӣ […]

Фирӯз Умарзода

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар аксари макотиби олии кишвар имтиҳоноти қабули доваталабон ба мақоми донишҷӯйӣ оғоз гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Алидод Расулов хабар дод, айни замон дар Тоҷикистон 30 мактаби олӣ ва 6 филиали макотиби олии гуногун, аз ҷумла макотиби олии хориҷӣ амал мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон ба Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ 3 ҳазору 397 нафар ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 2 ҳазору 829 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд.

Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ то санаи 27-уми июл ба макотиби олии кишвар зиёда аз 30 ҳазор нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.