Истеъфои сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ба истеъфо рафт. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз дар Шӯрои Кумитаи иҷроияи федератсия қарор шудааст, аризаи сармураббӣ дар бораи истеъфояш қонеъ гардонида шавад. Баъди ду шикаст аз дастаи Сурия дар қуввваозмоии даври интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 оид ба футбол […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ба истеъфо рафт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз дар Шӯрои Кумитаи иҷроияи федератсия қарор шудааст, аризаи сармураббӣ дар бораи истеъфояш қонеъ гардонида шавад.

Баъди ду шикаст аз дастаи Сурия дар қуввваозмоии даври интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 оид ба футбол Пӯлод Қодиров тасмим гирифт, ки ба истеъфо равад. Ҳамин тариқ дастаи Тоҷикистон аз иштироки минбаъда дар бозиҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум гардид.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода (шикаст бо ҳисоби 0 бар 4) Пӯлод Қодиров зикр кард, ки «мутаассифона, мо ба таври бояду шояд ба ин қувваозмоиҳо омодагӣ гирифта натавонистем. Мо ба суриягиҳо аз ҳама ҷиҳат бозиро бохта, ба даври дигар роҳхат гирифта натавонистем».

«Агар мақомоти раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон чунин шуморанд, ки ман аз ӯҳдаи иҷрои вазифаам набаромадам, ман ба истеъфо омодаам», – гуфта буд ӯ он замон.

Сармураббии нави дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи наздиктарини Кумитаи иҷроияи Федератсия интихоб хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.