Эҳтимоли ҷорӣ сохтани маҳдудият ба ҳаракати мошинҳои боркаши бузургҳаҷм

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарори ҷорӣ сохтани маҳдудиятҳои мавсимӣ ба ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм дар роҳҳои мошингард мавриди баррасӣ қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Шарифов хабар дод, чорабинии мазкур ба ҳифзи роҳҳои мошингарди кишвар аз амалу рафтори боркашонони […]

Шамсиддин Ризоев

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарори ҷорӣ сохтани маҳдудиятҳои мавсимӣ ба ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм дар роҳҳои мошингард мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Шарифов хабар дод, чорабинии мазкур ба ҳифзи роҳҳои мошингарди кишвар аз амалу рафтори боркашонони беинсоф, ки меъёрҳои пешбинишудаи  боркашонии бузургҳаҷмро сарфи назар мекунанд, нигаронида шудааст.

«Фасли баҳору тобистон роҳҳои автомобилгард аз бори беҳад вазнин бештар осебпазиранд. Ҳангоми лоиҳакашии роҳҳо дар шароити кишвари мо ҳадди ниҳоии борбардории меҳварӣ ба эътибор гирифта шудааст, ки он набояд аз 10 тонна ба як меҳвар боло бошад, – мегӯяд Шарифов. – Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Дар ҳама ҷо афзоиши борбардорӣ ба меҳвар бо асноди қонунгузорӣ маҳдуд мегардад. Мутассифона, соҳибкорони мо бо мақсади даромади бештар ба даст овардан, маҳсулотро аз меъёр зиёд бор карда, бо ин амал ба вазъи роҳҳо зарари зиёд мерасонанд».

Ба гуфтаи Шарифов, тасмими омодасозии чунин қарор дар ҷаласаи ҳукумат аз 30-юми июни соли равон қабул гардида, пас аз таҳия он ба тамоми вазорату идораҳо фиристода шуд ва назари мусбати онҳо нисбати ин қарор аллакай баён шудааст. Баъди тасдиқи лоиҳаи қарор аз ҷониби ҳукумат, он ҳукми қонунӣ пайдо хоҳад кард.

«Ҳамин тариқ, ҳукумат як тавозунеро муқаррар карданист, ки агар аз як тараф ба гирифтани даромад имкон фароҳам созад, аз тарафи дигар, нагузорад, ки зимни истифодаи роҳҳо ба он зиён расад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.