Қимати гази Ӯзбекистон боз ба андозаи 35 $ боло рафт

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар семоҳаи сеюми соли равон Тоҷикистон барои воридоти 1 ҳазор метри мукааби газ ба Ӯзбекистон 284,33 доллари ИМА пардохт хоҳад кард, ки нисбат ба семоҳаи дуюми соли равон 35,14 доллари ИМА бештар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, арзиши газ ба нархҳои ҷаҳонӣ вобаста аст, […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар семоҳаи сеюми соли равон Тоҷикистон барои воридоти 1 ҳазор метри мукааби газ ба Ӯзбекистон 284,33 доллари ИМА пардохт хоҳад кард, ки нисбат ба семоҳаи дуюми соли равон 35,14 доллари ИМА бештар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, арзиши газ ба нархҳои ҷаҳонӣ вобаста аст, ки он тамоили болоравӣ дорад. «Дар зарфи 6 моҳи соли равон 88 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид карда шуд, ки мувофиқи нақша аст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашма, феълан корхона аз Ӯзбекистон қарздор набуда, тариқи пешпардохт газро ворид месозад, ки асосан барои эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии «Тоҷиксемент», «ТАЛКО» ва ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши газ истифода мегардад.

Дар робита ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ дар «Тоҷиктрансгаз» гуфтанд, аҳолии шаҳри Истаравшан рӯзҳои наздик бо газ таъмин карда хоҳанд шуд, зеро онҳо маблағи истифодаи онро пешпардохт кардаанд. «Дар шаҳри Душанбе баъзе микрорайонҳо бо газ таъминанд ва бо ҳаллу фасли масъалаи пешпардохти пурраи маблағи истифодаи газ шояд барои тамоми аҳолӣ газ дастрас гардад», – гуфтанд дар корхона.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Тоҷикистон воридоти 180 млн. метри мукааб газ аз Ӯзбекистонро ба нақша гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.